
Дар чорсӯи илм ва эҷод
QR kod:
Yuklab olishlar (13)
Номи профессори Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд, Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, узви иттифоқҳои нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон, академики Академияи фанҳои Тӯрон, Ифтихории меҳнат – олими адабиётшинос, адиб, публисист, тарҷумон ва ташкилотчии корҳои иҷтимоӣ Аслиддин Қамарзода аз соли 1957 ин ҷониб тавассути осори илмӣ, адабӣ, публисистӣ ва тарҷумаҳояш, ки дар китоб, матбуот, радио, телевизион ва шабакаҳои интернет ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ дар Ӯзбекистон ва хориҷи кишвар нашр мешаванд, ба хонандагон ошно аст. Дар ин китоб сухан дар бораи ҳаёт ва паҳлӯҳои эҷодиёти гуногунсоҳаи илмиву адабии Аслиддин Қамарзода меравад.